ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ САНОАТӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр, муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин ва раиси ноҳия Сафарзода Дилшод ба фаъолият оғоз намуд.
Ифтитоҳи корхонаи мазкур дар доираи сиёсати созанда ва тадбирҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ва шаҳри Душанбе ҷиҳати рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ сурат гирифта, барои рушди иқтидори истеҳсолии пойтахт қадами муҳим ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумот, дар корхонаи ҶСП «Нур Пласт» 120 нафар ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифта шуда, иқтидори истеҳсолии он то 130 тонна маҳсулот дар як моҳро ташкил медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва тавсеаи фаъолияти корхонаҳои мавҷуда ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими заминаҳои иқтисодии шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Ифтитоҳи корхонаи ҶСП «Нур Пласт» дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ