ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН МАСЪУЛИЯТИ ИНСОНИИ ҲАР ЯКИ МОСТ!
26-уми августи соли 2026 дар доираи тадбирҳои идона бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи Ҳалқаҷар ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Ҳифзи Истиқлоли Ватан масъулияти инсонии ҳар яки мост!» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 Амирзода Ориф Ҳамид, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Зуҳурзода Заррина, раисони шӯрои маҳаллаҳои Гулкорон-1, Гулкорон-2 ва Ҳалқаҷар, сокинони маҳаллаҳои мазкур ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Қабл аз оғози қисмати расмии ҳамоиш меҳмонон аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳал, инчунин намоишгоҳи анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби сокинон омода ва ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд.
Дар қисмати расмии ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Ориф Ҳамид, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Зуҳурзода Заррина ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ суханронӣ карданд.
Зимни суханрониҳои хеш баромадкунандагон доир ба аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо ва дастоварди муқаддаси миллӣ ба ҳисоб рафта, маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Ҳамчунин, иштирокчиёни ҳамоиш ба масъалаҳои таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузории ҳар як шаҳрванд дар ободонӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар идома, бо мақсади арҷгузорӣ ба оила ва таҳкими мақому манзалати он дар ҷомеа, ба як қатор оилаҳое, ки ҳамчун оилаҳои намунавӣ дар маҳаллаҳои Гулкорон-1, Гулкорон-2 ва Ҳалқаҷар шинохта шудаанд, сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва туҳфаҳои идона тақдим гардид.
Ҳамоиши тантанавӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ идома ёфта, баҳри болидарӯҳии иштирокчиён ва боз ҳам шукуҳманд баргузор намудани чорабинӣ бо иштироки ҳунармандон ва овозхонони шинохтаи кишвар барномаи фарҳангии ҷолибу хотирмон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва тарғиби арзишҳои волои давлатдории миллӣ мусоидат намуда, рӯҳияи созандагию ободкорӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар ҷомеа таҳким мебахшад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ