image

ҚАДАМИ НАВ ДАР РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ: ИФТИТОҲИ СЕХИ НАВИ ҚАННОДӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range28.08.2026, 10:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

27 августи соли равон дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ва омодагиҳо ба таҷлили ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сехи нави истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба истифода дода шуд.

Маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр, муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин ва Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод баргузор гардид.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона таъкид гардид, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Сехи нав ба истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ машғул буда, дар он барои кормандон шароити муносиб ва зарурии корӣ фароҳам оварда шудааст. Истифодаи таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ, риояи талаботи санитарӣ-гигиенӣ ва таваҷҷуҳ ба сифати маҳсулот имкон медиҳад, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда ба талаботи бозори дохилӣ ҷавобгӯ бошад.

Таъсиси чунин корхонаҳо дар баробари мусоидат ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ, барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ифтитоҳи сехи мазкур дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз идомаи иқдомҳои созанда ва татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ дарак медиҳад.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, корхонаи нав метавонад дар рушди соҳаи истеҳсолоти саноатӣ ва таъмини аҳолии пойтахт бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ саҳми арзанда гузорад.

Дар маҷмуъ, ба истифода додани иншооти нави истеҳсолӣ қадами дигар дар самти ободонӣ, рушди иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.