МУЛОҚОТИ ВАКИЛОН БО МАҚСАДИ ТАҚВИЯТИ ОБОДОНӢ ВА ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
27 августи соли 2026 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Муинӣ Мавсума Муинзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳмурод Рустам, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми Раиси ноҳияи Сино Беҳрӯз Искандарзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарону кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, имомхатибон, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулону фаъолони ноҳияи Сино иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими вобаста ба беҳтар намудани корҳои ободонию созандагӣ, сохтмон ва рушди инфрасохтор дар ҳудуди ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Баромадкунандагон оид ба нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди устувори кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, инчунин татбиқи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат ибрози назар намуданд. Дар идома, зикр гардид, ки ҳифзи сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Таъкид гардид, ки дар ин раванд бояд тамоми имкониятҳо барои ободу зебо гардонидани кучаву хиёбонҳо, маҳаллаҳо ва дигар мавзеъҳои ноҳия самаранок истифода гардида, корҳои созандагӣ бо масъулияти баланд ба роҳ монда шаванд.
Ҳамчунин, иштирокчиёни ҷаласа ба зарурати таҳкими корҳои тарбиявию маърифатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар байни аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа масъулини соҳаҳо ва сохторҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии масъалаҳои баррасишуда ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ