image

ИФТИТОҲИ САРДХОНА ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range27.08.2026, 10:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

Ба истиқболи ҷашни бузург ва муқаддаси миллӣ — 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.

26 августи соли 2026 бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Рустам Фақерзода, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як адад сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот ба истифода дода шуд.

Зимни боздид аз сардхона иттилоъ дода шуд, ки иқтидори он барои нигоҳдории зиёда аз 3 ҳазор тонна маҳсулот мебошад. Дар айни ҳол дар сардхона ҳудуди 1,5 ҳазор тонна маҳсулот нигоҳдорӣ шуда, шароити нигоҳдории маҳсулот хуб ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои экологӣ арзёбӣ гардид.