image

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ САНОАТИИ ИСТЕҲСОЛИ МАВОДИ ШУСТУШӮЙӢ, ГИГИЕНӢ ВА САНИТАРӢ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range27.08.2026, 10:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

Ба истиқболи ҷашни муқаддасу бошукуҳи миллӣ — 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 августи соли 2026 дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоирзода ва муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фаррух Хушвахтзода корхонаи ҶДММ «Покиза-2020», ки дар масоҳати 960 метри мураббаъ ҷойгир мебошад, ба истифода дода шуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки сохтмони корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Покиза-2020» аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ аз соли 2022 шуруъ шуда буд, имрӯз бо сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи муосири ҷаҳонӣ ба истифода дода шуд

Тавре таъкид гардид, барои бунёди корхона зиёда аз 5 миллион сомонӣ маблағ сарф гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 500 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Дар корхона 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи ҶДММ «Покиза-2020» зарфҳо барои маводи шустушӯйӣ, санитарӣ ва гигиенӣ истеҳсол гардида, бо мақсади рушди минбаъдаи корхона ва васеъ намудани ҳаҷми истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд.

Таъкид гардид, ки маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда дорои сифати баланд буда, ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ мебошанд. Маҳсулоти истеҳсолӣ бозори дохилиро таъмин намуда, ҳамзамон барои содирот ба бозорҳои хориҷӣ низ равона карда мешаванд.

Зикр гардид, ки истеҳсоли чунин маҳсулоти босифат дар корхонаи ҶДММ «Покиза-2020» барои муаррифии боз ҳам бештари иқтидори истеҳсолии Тоҷикистон ва рушди истеҳсолоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.