image

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Рам Чандра Паудел барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

date_range29.08.2026, 12:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye11

29 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал муҳтарам Рам Чандра Паудел барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари талафоти сершумори ҷонӣ, осеб дидани теъдоди зиёди мардум ва харобиҳо бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар ноҳияҳои шимолу шарқии Непал боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офатҳои табиӣ ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва мардуми барои мо дӯсти Непал ҳамдардӣ ва таслияти самимии ин ҷонибро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».