КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
4 сентябри соли 2026 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлоли давлатӣ: марҳилаи таърихӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори конфронс Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ, Арбобони давлатию сиёсӣ Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мусоева, инчунин вакили Маҷлиси вкилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳмонзода Абдувалӣ Мирзомуддин ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар расми ифтитоҳи конфронс Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Сипас, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ бо сухани муқаддимавӣ баромад намуда, ҳозиринро ба конфронси илмӣ-амалӣ хайрамақдам гуфт.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ заминаи мусоидро барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории навин, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва устувории мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ фароҳам овард.
Маърузачиён, ҳамзамон дар бораи марҳилаҳои ҳассоси солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, мушкилоти даврони нобасомонӣ ва талошҳои созанда барои барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, нақши бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва ба ҳам овардани мардуми Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи конфронс Арбобони давлатӣ ва сиёсӣ Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мусоева бо маърӯза баромад карда, вобаста ба аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми фарзандони фарзонаи миллат дар ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳимояи арзишҳои миллӣ андешаронӣ намуданд.
Дар партави гуфтаҳои маърузачиён А. Абдураҳмонзода низ доир ба асосҳои таърихии пайдоиш ва ташаккули истиқлол ва ҷойгоҳи назарияи истиқлолгароӣ дар осору таълифоти бузургони гузаштаи миллати тоҷик ибрози андеша намуда, қайд кард, ки маҳз ғаризаи мустақилият ва истиқлолхоҳии миллат буд, ки тавонист асолати миллӣ ва фарҳанги созандаи онро то имрӯз нигоҳ дорад.
Қайд гардид, ки дар тули таърих фарзандони содиқи миллат барои ҳифзи давлату давлатдорӣ, тамомияти арзӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ҷоннисориҳо намудаанд. Ин сабақҳои таърихӣ барои насли имрӯза ва оянда ҳамчун мактаби бузурги худшиносиву ватандӯстӣ хизмат мекунанд.
Ҳамчунин, баромадкунандагон аз аҳамияти соҳиб гардидани Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таъмини сулҳу суботи кишвар ёдовар шуданд.
Зимни ироаи баромадҳои расмӣ таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди созандагӣ дар кишвар заминаи устувор гузошта, оид ба фаъолияти созанда ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат дар роҳи давлатсозӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон низ андешаҳо баён гардиданд.
Дар маҷмӯъ, таъкид шуд, ки 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон давраи муҳими таърихии давлатсозӣ ва таҳкими пояҳои ҷомеаи соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, дастовардҳои бадастомада натиҷаи сиёсати созанда, талошҳои пайваста ва меҳнати содиқонаи мардуми кишвар мебошанд.
Дар фарҷоми конфронс ба як қатор кормандони собиқадор ва фаъол барои саҳми арзанда дар рушди ҷомеа, фаъолияти самаранок ва хизмати содиқона «Ифтихорнома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ