image

РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

date_range06.09.2026, 17:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye16

5 сентябри соли 2026 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Дар роҳпаймоӣ роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, сохторҳои марбутаи он, масъулини соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, маорифу фарҳанг, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Роҳпаймоии мазкур ба хотири арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии ҷомеа баргузор гардид.

Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои идона фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстиро ба вуҷуд оварда, муҳаббату садоқати худро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ифода намуданд.

Дар ин замина, баргузории чунин чорабиниҳои идона дар таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва ҳифзу пойдории дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аҳаммияти муҳим дошта, сокинони ноҳияи Фирдавсӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.