image

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ АНДОЗ, АНДОЗСУПОРӢ ВА РАҚАМИКУНОНИИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ АНДОЗӢ

date_range29.09.2026, 08:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

28 сентябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои андоз, андозсупорӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои андозӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Боронзода Давлатманд, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андози шаҳри Душанбе Алимадов Саъдулло ва сармутахассиси Раёсати андози шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Фарҳод иштирок намуданд.

Ҳамчунин, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшу сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, сармуҳосибони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ ва дигар шахсони масъул дар семинар фаъолона ширкат варзиданд.

Зимни семинар талаботи қонунгузории андоз, тартиби дурусти андозсупорӣ, иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ва истифодаи хизматрасониҳои электронии андоз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба иштирокчиён доир ба имкониятҳои рақамикунонии хизматрасониҳои андозӣ ва тартиби истифодаи онҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар анҷом мутахассисон ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда пешниҳод намуданд.