Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Чжао Летсзи
Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Чжао Летсзи
Ҷаноби Олӣ,
Шумо ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба муносибати ҷашни миллӣ - Рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик менамоям.
Муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин пайваста рушд ёфта, ба сатҳи нави ҳамкории судманд ва мутақобилан манфиатбахш баромада истодаанд. Дар ин раванд, муколамаи пайвастаи байнипарламентӣ дар таҳкими робитаҳои дуҷониба ва густариши ҳамкории байни мақомоти қонунгузории ду кишвар ҷойгоҳи муҳим дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнипарламентӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳаммияти хосса дода, онро яке аз воситаҳои муассири таҳкими дӯстӣ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ду кишвар медонад.
Итминон дорам, ки ҳамкории судманд ва созандаи байни парламентҳои ду кишвар минбаъд низ таҳким ёфта, дар густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом, саодатмандӣ, дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ комёбиҳои нав ва ба мардуми дӯсти Чин сулҳу субот, пешрафт ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам.
Бо эҳтиром,
Рустам Эмомалӣ
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ