Сешанбе, 24 ноябр 2026
Сиёсат

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул таҷлил намуданд

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул  таҷлил намуданд

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром оид ба аҳаммияти таҷлили ин ҷашн ва арҷгузорӣ ба ин рамзи муқаддаси миллӣ сухан гуфт.

Дар ҷамъомад намояндагони маркази «Дурахшандагон» ва донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи Соҷонг таҳсил мекунанд, дар мавриди ин рӯзи фархунда андешаронӣ карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj