Сешанбе, 24 ноябр 2026
Сиёсат

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, дар чорабинӣ аҳаммияти ин рамзи муқаддаси давлатӣ ҳамчун нишонаи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ таъкид карда шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода доир ба ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон ва аҳаммияти таҷлили ин ҷашн ибрози назар намуд. Ҳамчунин саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва боло бурдани нуфузу эътибори Тоҷикистон ва рамзҳои давлатии он дар арсаи байналмилалӣ таъкид гардид.

Дар идомаи чорабинӣ кормандони Сафорат ба ҳозирин дар бораи таърихи қабули Парчами давлатӣ, мазмуну моҳияти рангҳо ва унсурҳои он, инчунин суннатҳои парчамдории мардуми тоҷик маълумот пешниҳод намуданд.

Таъкид  гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи иттиҳоду ҳамбастагӣ таҷассумгари ормонҳои миллӣ ва эҳтиром ба давлату давлатдорӣ мебошад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj