ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами давлатӣ—рамзи озодӣ, ифтихори миллӣ ва масъулият дар роҳи таъмини адолати судӣ» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар чорабинӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебониссо Абдуллозода иброз намуд, ки Парчами давлатӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ таҷассумгари таърихи пурғановати давлатдории тоҷикон, соҳибихтиёрӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ ва ормонҳои волои мардуми Тоҷикистон буда, дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ доир ба таърихи парчамдории миллати тоҷик, аҳаммияти таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Парчами давлатӣ, инчунин нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар андешаронӣ намуд. Ҳамзамон саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи рукнҳои давлатдорӣ ва устувор намудани пояҳои истиқлоли давлатӣ таъкид гардид.
Парчами давлатӣ барои намояндагони ҳокимияти судӣ на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва ифтихори миллӣ, балки нишонаи садоқат ба Конститутсия ва қонун, поквиҷдонӣ ва масъулияти баланди касбӣ низ мебошад. Зеро эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ бояд дар рафтору кирдор, муносибат ба иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи ҳар хизматчии давлатӣ таҷассум ёбад. Дар ин замина таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ аз судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд масъулияти баланд, риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун ва баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судиро тақозо менамояд.
Иштирокчиён доир ба таърихи ташаккул ва рушди парчамдории тоҷикон, мақому манзалати Парчами давлатӣ дар низоми муқаддасоти миллӣ, нақши он дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон маъруза намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






