Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Фарҳанг

Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад

Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегарданд, ки то  9 октябр идома меёбанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6 октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Бозиҳои Делфӣ: воситаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳии чорабинӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кишварҳо» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад.

Дар ин рӯз, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи бозиҳо баргузор мегардад.

Дар Бозиҳои 20-уми Делфӣ иштирокчиён аз 9 давлати ҷаҳон аз рӯйи номинатсияи фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, созҳои нафасӣ, сарояндаи академӣ, анъанавӣ, эстрадӣ ва рақси халқӣ ҳунарнамоӣ менамоянд. Ҳадафи баргузории Бозиҳои Делфӣ — дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj