Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Фарҳанг

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон байни Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии дастнависҳо ва китобҳои нодири Кумитаи бойгонӣ ва ҳуҷҷатгузории Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, ин санад бо мақсади густариш додани шиносоии мавҷудаи мубодилаи ҳуҷҷатҳои китобдорӣ, нашрияҳо, захираҳои иттилоотӣ, ташкили боздидҳои мутақобил, таҷрибаомӯзӣ ва мубодилаи таҷрибаи касбӣ байни мутахассисони соҳаи фаъолияти китобдорӣ ва мероси хаттӣ ба тасвиб расид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин санад ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, библиография, иттилооти илмӣ ва барқарорсозии мероси хаттӣ рушд медиҳанд. Ҳамчунин барои баланд бардоштани малакаи мутахассисон машғулияти омӯзишӣ, конференсияҳо ва табодули таҷрибаи кормандони соҳа баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 7 ноябр пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj