Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Фарҳанг

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ва «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» имзо намуданд. Ин иқдом дар самти такмили заминаи ҳуқуқии соҳа, таҳкими низоми ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳаммияти муҳим дорад.

Вобаста ба мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳои мазкур, аҳаммияти онҳо дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва раванди татбиқи қонунҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Қонунҳои нав дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чӣ гуна нақш мегузоранд?

Шералӣ Хоҷазода: Пеш аз ҳама, ин иқдом бозгӯйи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ба ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, гиромидошти мероси гузаштагон ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳа мебошад. Қонунҳои мазкур барои мукаммал намудани низоми ҳифзи мероси миллӣ, муайян намудани муносибатҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани масъулияти мақомоти дахлдор ва шаҳрвандон аҳаммияти муҳим доранд.

Бояд иброз намуд, ки мероси таърихию фарҳангӣ сарвати бебаҳои миллат, таҷассумгари таъриху тамаддун ва ҳувияти миллии мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар шаҳрванди мамлакат аст.

Ба имзо расидани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ва «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» барои таҳкими заминаи ҳуқуқии соҳа ва такмили муносибатҳои вобаста ба ҳифзи арзишҳои миллӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

Махсусан, ин санадҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, огоҳ намудани онҳо аз талаботи қонунгузорӣ ва тақвияти масъулият дар самти ҳифзи ёдгориҳо аҳаммияти хос доранд. Мо бояд ба он ноил гардем, ки ҳар шаҳрванд ёдгориҳои таърихиро ҳамчун сарвати умумимиллӣ эътироф намуда, дар нигоҳдорӣ ва ҳифзи онҳо саҳм гузорад. Зеро муносибати эҳтиёткорона ба мероси гузаштагон нишонаи эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллат мебошад.

АМИТ «Ховар»: Тағйиру иловаҳо ба қонуни ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба фаъолияти Агентӣ чӣ гуна тақвият мебахшанд?

Шералӣ Хоҷазода:  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» яке аз санадҳои асосии танзимкунандаи соҳа ба ҳисоб меравад. Он муносибатҳои ҳуқуқиро дар самти ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба танзим дароварда, салоҳият ва вазифаҳои мақоми ваколатдорро муайян менамояд.

Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар ин самт фаъолияти худро амалӣ менамояд. Дар ин самт фаъолияти мо барои ҳифзи ёдгориҳо, пешбурди корҳои тармиму барқарорсозӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва барномаҳои давлатӣ, инчунин ҷалби сармоя ва грантҳо барои рушди соҳа бештар тақвият дода мешавад.

Ҳамзамон масъалаҳои омӯзиш ва муаррифии ёдгориҳо, ҳифзи мавзеъҳои таърихӣ, эъмори ҳайкал ва муҷассамаҳо, гузоштани лавҳаҳои ёдбуд ва гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи миллӣ низ дар доираи фаъолияти соҳа тавсеа меёбад. Такмили қонунгузорӣ барои боз ҳам муназзам ба роҳ мондани ин равандҳо ва баланд бардоштани масъулияти сохторҳои дахлдор замина фароҳам меорад.

АМИТ «Ховар»: Қонуни нав дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ чӣ аҳаммият дорад?

Шералӣ Хоҷазода: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» низ яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии мамлакат мебошад. Зеро сарватҳои таърихию фарҳангӣ қисми ҷудонашавандаи мероси миллӣ буда, ҳар кадоми онҳо дорои арзиши муайяни таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошанд.

Дар таҳрири нав ба тасвиб расидани қонуни мазкур барои такмили низоми ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба берун баровардан ва ворид намудани чунин сарватҳо аҳаммияти муҳим дорад. Он барои ба низом даровардани равандҳои дахлдор, муайян намудани тартиби ҳуқуқии амалиёт ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ замина фароҳам меорад.

Бо назардошти афзоиши таваҷҷуҳ ба мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ва густариши робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ зарурати риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт боз ҳам бештар мегардад. Ҳамзамон баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон аз арзиши чунин сарватҳо ва тартиби муомилот бо онҳо яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.

АМИТ «Ховар»: Қонунҳои нав барои рушди таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ ва тақвияти фаъолияти бостоншиносӣ чӣ имконияти ҳуқуқӣ фароҳам меоранд?

Шералӣ Хоҷазода: Яке аз ҳадафҳои муҳими такмили қонунгузорӣ фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад. Дар ин замина, муқаррароти қонунгузории нав барои тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзиши ёдгориҳо ва густариши корҳои бостоншиносӣ аҳаммияти муҳим доранд.

Бо истифода аз имконияти фароҳамовардаи сиёсати давлатӣ дар ин самт соли 2026 Маркази илмии бостонии Қалъаи Кӯлоб таъсис дода шуда, пойгоҳҳои бостоншиносии Истаравшан, Қубодиён ва Теғузак ба фаъолият оғоз намуданд. Ин иқдомҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

АМИТ «Ховар»: Такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар беҳтар намудани низоми тармиму барқарорсозии ёдгориҳо ва рушди иқтидори касбии соҳа чӣ нақше мегузорад?

Шералӣ Хоҷазода: Ҳифзи самараноки мероси таърихию фарҳангӣ тақозо менамояд, ки дар баробари такмили заминаи ҳуқуқӣ иқтидори илмӣ, техникӣ ва касбии соҳа низ пайваста тақвият дода шавад. Тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ барои такмили муносибатҳои ҳуқуқӣ дар самти ҳифз ва истифодаи ёдгориҳо заминаи зарурӣ фароҳам меоранд.

Бо мақсади тақвияти ин раванд соли 2026 Муассисаи давлатии Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар назди Агентӣ таъсис дода шуд. Фаъолияти он ба рушди таҳқиқоти илмӣ, таҳияи лоиҳаҳои тахассусӣ ва анҷом додани корҳои тармиму барқарорсозӣ равона гардидааст.

Мо бар он назарем, ки такмили қонунгузорӣ ва рушди заминаи институтсионалии соҳа бояд ба таври ҳамоҳанг амалӣ гарданд. Танҳо дар чунин шароит метавон ҳифзи боэътимоди ёдгориҳоро таъмин намуда, онҳоро ҳамчун арзиши таърихию фарҳангӣ ба наслҳои оянда мерос гузошт.

Ҳамзамон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳа таҳияи номинатсияҳо барои муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва шахсиятҳои барҷастаи миллӣ ба ЮНЕСКО мебошад. Ташкили чунин заминаи махсус ба ҷамъоварии маводи илмӣ, таҳқиқи арзишҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj