ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шарқи Озод» китоби чоруми силсилаи «Народная газета» оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷмуаи маводи публитсистӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: аз дастоварди ваҳдати миллӣ то ташаббусҳои ҷаҳонӣ» рӯнамоӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Китоби тозанашр фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар солҳои 2021–2025 фаро гирифта, паёмҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо, муроҷиатҳо ва гузоришҳои марбут ба сафарҳои корию расмӣ ва мулоқоту боздидҳои сатҳи давлатиро дар бар мегирад.
Маҷмуаи дигари публитсистӣ мақолаҳо, таҳлилҳо ва мусоҳибаҳои сармуҳаррири «Народная газета»-ро, ки дар солҳои 2018–2026 дар саҳифаҳои ин нашрия ба табъ расидаанд, гирд овардааст.
Дар китоб марҳилаҳои муҳими таърихи навини Тоҷикистон- аз наҷоти давлату миллат аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ то расидан ба рушди созанда ва болоравии нуфузи байналмилалии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ин китобҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими иттилоотӣ ва таърихӣ барои доираи васеи хонандагон, муҳаққиқон, рӯзноманигорон, сиёсатшиносон ва насли ҷавон аҳамияти хосса доранд.
АКС аз манбаъҳои боз
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj









