Шанбе, 14 ноябр 2026
Фарҳанг

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода маҷмуаи мақолаҳои декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Сайрам Бақозода таҳти унвони «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Китоби мазкур ба таҳқиқу баррасии рӯзгор, фаъолияти эҷодӣ ва мақому ҷойгоҳи ин адиби маъруф дар адабиёти миллӣ бахшида шуда, масъалаҳои шинохти шахсият ва мероси адабии нависандаро дар партави андешаҳои Пешвои миллат фаро мегирад.

Тавре аз пешгуфтори китоб бармеояд, муаллиф дар мақолаҳояш нақши Сотим Улуғзода дар адабиёту фарҳанги миллӣ ва хизматҳои шоёнашро дар муаррифии таърихи адабиёт, забони тоҷикӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додааст.

Маҷмуа аз ду бахш — «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ва «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» иборат буда, дар он мақолаҳои гуногун, аз ҷумла «Меҳвари истиқлол ва саодати миллат», «Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва таҷдиди ҳувияти миллӣ ва фарҳанги тоҷикон», «Эмомалӣ Раҳмон Қаҳрамони Ваҳдати тоҷикон аст», «Паёми раҳнамо, ҳувиятсоз ва ояндаангез» ва дигар навиштаҳо гирд оварда шудаанд.

Муаллиф дар китоб ба андешаҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақому ҷойгоҳи Сотим Улуғзода низ таваҷҷуҳ намуда, баҳои баланди Сарвари давлатро ба хизматҳои адиб дар рушди адабиёти тоҷик ва муаррифии фарҳанги миллӣ ёдовар мешавад.

Дар мақолаҳои дигари ин қисмат оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ, консепсияи ваҳдати миллӣ, ки дар заминаҳои истиқлоли иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омадааст, ҳамчунин хизматҳои созандаи Пешвои миллат дар ваҳдат, муттаҳидӣ, хомӯш сохтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва амсоли ин сухан рафтааст.

Қисмати дуюми китоб «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» унвон дошта, фарогири мақолаҳои ҷудогона дар бораи забон, асолати зан, Наврӯз, дар бораи хизматҳои Аҳмади Дониш, Турақул Зеҳнӣ, академик Хуршеда Отахонова дар адабиёти муосири тоҷик, инчунин оид ба ашъори Фарзона, мусоҳиба бо Лаълҷубаи Мирзоҳасан ва устод Фарзона мебошад. Аз ин мақолаҳо хонанда як ҷаҳон таассуроти неку судманд мебардорад.

Дар маҷмуъ, китоб барои омӯзиши мероси адабии Сотим Улуғзода, таҳқиқи ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти муосири тоҷик ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти илмӣ ва маърифатӣ дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj