Якшанбе, 15 ноябр 2026
Фарҳанг

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон

ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли зимистон барои гарм нигоҳ доштани бадан ва мустаҳкам кардани масуният истеъмоли ғизоҳои гарм, серғизо ва нӯшокиҳои аз витамин бой бештар муфид аст. Дар рӯзҳои сард ҷисми инсон барои нигоҳ доштани ҳарорати худ неруи зиёд сарф мекунад, бинобар ин дар ин рӯзҳо ғизо аҳамияти калон дорад. Дастархони миллии тоҷикӣ аз таомҳои серғизо ва гармкунанда бой аст, аммо дар зимистон онҳоро бояд бо риояи меъёр ва қоидаҳои дурусти ҳазм истеъмол намуд.

Шӯрбои миллӣ ва каллапоча

Шӯрбои гӯштӣ бо сабзӣ, пиёз, картошка ва нахӯд баданро аз дарун гарм мекунад ва барои барқарор кардани қувва беҳтарин хӯрок аст. Каллапоча манбаи бойи коллаген ва сафеда буда, ба мустаҳкам кардани устухонҳо ва гарм нигоҳ доштани бадан мусоидат мекунад, вале онро беҳтар аст дар нимаи аввали рӯз ва бо иловаи сирпиёзу кабудӣ истеъмол намоед, то ба меъда ва ғадуди зери меъда бори вазнин наорад.

Оши палав

Оши палав хӯроки серғизо ва гармкунанда буда, ба бадан неруи зиёд мебахшад. Дар фасли зимистон тавсия дода мешавад, ки палав бо равғани камтар пухта шавад ва ҳатман ҳамроҳ бо хӯришҳои тару тоза, аз қабили шакароб, сабзавоти резашуда, анор ё пиёзу сирпиёз хӯрда шавад, то равғани он ба осонӣ ҳазм гардад.

Ғизоҳои ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ (мошкичирӣ, мошшӯрбо, гандумкӯча), таомҳое, ки аз мош, нахӯд, лӯбиё ва гандум омода мешаванд, баданро бо сафедаи растанӣ, оҳан ва витаминҳои гурӯҳи В таъмин мекунанд. Ин хӯрокҳо ҳам серкунандаанд ва ҳам ба узвҳои ҳозима зарар намерасонанд.

Хӯрокҳои хамирии обпаз (манту, тушбера, хонума) баръакси хӯрокҳои равғанини бирён (ба монанди самбӯсаи равғанин ё чалпак), таомҳои дар бӯғ ё об пухташуда сабукҳазм мебошанд. Истеъмоли манту ё тушбера бо каду, гӯшти беравған ва кабудӣ дар рӯзҳои сард барои кӯдакон ва калонсолон хеле мувофиқ аст.

Қоидаҳои истеъмоли дурусти таомҳои миллӣ

Таомҳои серравған ва вазнинро беҳтар аст дар вақти нисфирӯзӣ истеъмол намоед ва аз хӯрдани онҳо пеш аз хоб худдорӣ кунед. Пас аз истеъмоли ғизоҳои миллӣ ба ҷойи оби хунук ё нӯшокиҳои газдор ҳатман чойи кабуди гарм, чойи гиёҳӣ ё оби гарм бо лимӯ бинӯшед, то раванди ҳазми хӯрок суръат гирад ва узвҳои ҳозима муҳофизат шаванд. Ин тавсияҳо барои он омода шудаанд, ки инсон дар фасли зимистон вазни зиёдатӣ нагирад ва саломатии худро ҳифз кунад.

Дар рӯзҳои сард бинобар кам шудани ҳаракати ҷисмонӣ ва кӯтоҳ шудани рӯз мубодилаи моддаҳо суст мешавад ва организм ба ҷамъ кардани чарб майл мекунад.

Нӯшокиҳои солим ва гармкунанда

Дамнӯши лимӯ, пудина, асал ва имбир ҳам баданро гарм нигоҳ медорад ва ҳам ба нигоҳ доштани вазни муътадил кумак мерасонад. Барои тақвияти масуният (имунитет) ва пешгирӣ аз вазнгирии зиёдатӣ воситаи беҳтарин аст. Ҳар ҷузъи ин нӯшокӣ ба организми инсон таъсири мусбат мерасонад.

Ҷӯшобаи хуч ва нӯшокиҳо аз хушкмеваҳо

Инчунин ҷӯшобаи хуч яке аз бойтарин манбаъҳои витамини С мебошад. Нӯшидани ҷӯшобаи он хастагиро бартараф карда, баданро аз зуком ва шамолхӯрӣ муҳофизат мекунад.

Чойҳои гиёҳӣ. Чой аз бобуна, пудина, чойкаҳак ва райҳон системаи асабро ором мекунанд. Ин нӯшокиҳо инчунин роҳҳои нафасро аз илтиҳоб эмин нигоҳ медоранд. Шири гарм бо зардчӯба ё асал низ пеш аз хоб барои ором кардани бадан, гарм шудан ва пешгирии илтиҳоби гулӯ хеле муфид аст.

Кам кардани ғизоҳои зараровар ва ҳифзи узвҳои ҳозима

Истеъмоли шириниҳои сунъӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, хӯрокҳои тезтайёр ва нӯшокиҳои газдори хунук ба саломатӣ зарари ҷиддӣ мерасонад. Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки ин гуна маҳсулот ба системаи ҳозима ва организми нозуки кӯдакон осеб мерасонанд.

Хӯрокҳои тезтайёр ва равғанин ҳазми ғизоро душвор карда, боиси сӯзиши меъда, вазнинӣ ва пайдоиши бемориҳои музмин, ба монанди гастрит мегарданд. Нӯшокиҳои газдори хунук пардаи луобии меъдаро халалдор карда, гардиши хунро дар он суст мекунанд.

Истеъмоли зиёди равғанҳои сунъӣ, хӯрокҳои бирён ва шириниҳои дорои қанди зиёд ба ғадуди зери меъда бори вазнин меорад. Дар натиҷа фаъолияти ин ғадуд вайрон шуда, хатари пайдоиши бемории панкреатит ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо меафзояд. Дар фасли зимистон организми кӯдакон ва одамони солхӯрда ба сармо ва сироятҳои мавсимӣ бештар ҳассос аст. Аз ин рӯ, таъмини онҳо бо ғизои гарм, сабукҳазм ва саршор аз витаминҳо аҳамияти махсус дорад.

Таҳияи Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj