ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:00 дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Филм ба ҳаёт ва фаъолияти ду чеҳраи бузурги адабиёту фарҳанги Шарқ–Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шуда, дӯстии самимӣ, муносибатҳои устодию шогирдӣ ва саҳми арзандаи онҳоро дар рушди илму фарҳанг, адабиёт ва ҳунар инъикос мекунад.
Филм дар маконҳои таърихии Тоҷикистону Узбекистон ва павилионҳои киностудияҳои «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» ба навор гирифта шудааст.
Дар таҳияи филм мутахассисони ҳар ду давлат ва коршиносони хориҷӣ саҳм гузоштаанд. Бо мақсади бозсозии фазои таърихӣ, таҳияи либосҳои саҳнавӣ, ороиши чеҳраи ҳунармандон, омода намудани лавозимоти зарурӣ, наворбардории саҳнаҳои муҳориба ва истифодаи эффектҳои махсус аз технология ва имконияти муосири филмсозӣ истифода шудааст.
Филми муштаркаи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар жанри драмаи таърихӣ таҳия гардида, давомнокии он 144 дақиқаро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки тасмими таҳияи ин филми муштарак соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гирифта шуд.
Ин асар саҳифаҳои дурахшони таърихи муштараки мардумони тоҷику узбекро инъикос менамояд. Он инчунин нақши ин ду нобиғаи Шарқро дар рушди адабиёт, фарҳанг ва таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ бо забони синамо ба риштаи тасвир мекашад.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj




