Душанбе, 16 ноябр 2026
Фарҳанг

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии арзишҳои волои ҳунари нақшу нигори тоҷикӣ ва таҳкими ҷойгоҳи мероси фарҳангии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ Форуми байналмилалии «Фалсафаи нақшу нигори тоҷикон» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар форум намояндагони аҳли фарҳангу ҳунар, тарроҳон, муҳаққиқон ва дигар дӯстдорони санъати миллӣ иштирок намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки «нақшу нигори миллӣ яке аз муҳимтарин ҷузъҳои ҳувияти фарҳангии миллат буда, дар худ таърихи куҳан, ҷаҳонбинӣ, завқи эстетикӣ ва андешаи созандаи ниёгони тоҷикро таҷассум менамояд».

«Ҳар нақшу нигори миллӣ дорои маъно ва фалсафаи хос буда, ҳамчун забони рамзии фарҳанг аз насл ба насл интиқол меёбад. Ҳифз, омӯзиш ва тарғиби ин арзишҳои нодир на танҳо масъулияти аҳли ҳунар, балки вазифаи муҳими ҷомеа дар роҳи нигоҳдории асолати фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳ ба фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ ва истифодаи имконияти муосир дар рушди ҳунарҳои суннатӣ аҳаммияти хосса касб менамояд. Аз ин рӯ, баргузории чунин форумҳо ба фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати муколамаи фарҳангӣ, табодули таҷриба ва ҷалби насли ҷавон ба омӯзишу рушди ҳунарҳои миллӣ мусоидат мекунад»,-афзуд Вазири фарҳанги мамлакат.

Таъкид шуд, ки Форуми байналмилалии «Фалсафаи нақшу нигори тоҷикон» иқдоми муҳим дар самти арҷгузорӣ ба мероси пурғановати фарҳангии миллат, муаррифии ҳунари волои тоҷикон ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ба шумор меравад.

Нақшу нигори тоҷикӣ танҳо ороиши зоҳирӣ набуда, балки таҷассумгари андешаи таърихӣ, зебоипарастӣ ва руҳи созандаи миллат аст. Он ҳамчун пайванди маънавии гузашта, имрӯз ва оянда дар ҳифзи асолати миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон нақши муассир дорад.

Дар доираи Форум коллексияи нави тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов бо унвони «Chakan Fashion Show», ки бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ва унсурҳои фарҳанги бостонии тоҷикон таҳия гардидааст, ба намоиш гузошта шуд.

Ин намоиш на танҳо бозгӯи имконияти густурдаи санъати муосири тарроҳӣ дар эҳёи суннатҳои аҷдодӣ аст, балки мақоми баланди эстетикаи миллӣ, нозукиҳои фарҳанги либоспӯшӣ ва паҳнои маънавиёти тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ мекунад. Ҳар либоси намоишёфта ҳикоятгари таърих, фалсафаи ҳаёт ва зебоипарастии миллатест, ки асрҳо боз анъанаҳои худро ҳифз намуда, бо замони муосир ҳампоя қадам мезанад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj