ФАЙЗОБОД, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар ноҳияи Файзобод бо иштироки зиёда аз се ҳазор сокинони ноҳия роҳпаймоии ватандӯстона ва чорабинии фарҳангӣ доир шуд. Ҳамчунин ба ин муносибат дар ин рӯз дар Боғи фарҳангии ноҳияи Файзобод маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоири тавонои тоҷик Бозор Собир баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд, соли 2021 дар асоси қарори вакилони халқи ноҳия ва қарори раиси ноҳия Боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод ба номи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд.
Сохтмони боғи фарҳангии ноҳия аз се қисмат иборат мебошад, ки дар қисмати аввали он бунёди нимпайкараи Бозор Собир пешбинӣ гардида буд. Нимпайкарда имрӯз бо ҳузури пайвандон ва ёру дӯстони шоири маъруфи тоҷик ба истифода дода шуд.
Бозор Собир яке аз бузургтарин намояндагони илму адаби тоҷик ба шумор меравад, ки бо сабку услуби хос ба адабиёт ворид шуда, тавонист ҷойгоҳи хоссаеро дар он соҳиб шавад. Шоир дар шеърҳояш мавзуъҳои дӯст доштани Ватану миллат, хизмати содиқона ба он, худшиносӣ, пос доштани забони модарӣ, арзишҳои миллӣ ва шинохти миллатро инъикос менамуд.
Дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз шуд, ки таҷлили ин сана ифодаи шукргузорӣ аз пойдории давлату миллат, истиқрори истиқлолу ваҳдат, бақои сулҳу субот, ҳастии забону фарҳанг ва ҷасорату фидокории Роҳбари хирадманду раъиятпарвар ва оқилу нотакрори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллати тоҷик мебошанд, ки дар таҳкими давлатдорӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги таҳмилӣ раҳо сохтаанд»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.
Иштирокдорони чорабинӣ таъкид намуданд, ки Сарвари давлат барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангӣ ва сиёсии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои таърихиву тақдирсоз анҷом додаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






