ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон таҳти унвони «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор гардид. Филм ба ҳаёт ва фаъолияти ду чеҳраи барҷастаи адабиёту фарҳанги Шарқ — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шудааст.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ифтитоҳи нахустнамоиш директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иброз дошт, ки таҳияи ин филми муштарак барои синамои ҳар ду давлат рӯйдоди муҳим ба шумор меравад. Маҳз таваҷҷуҳи давлат ба рушди соҳаи синамо барои офаридани филмҳои дорои арзиши баланди таърихию фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иттилоъ дода шуд, ки филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар жанри драмаи таърихӣ таҳия гардида, давомнокии он 144 дақиқаро ташкил медиҳад. Ҳодисаҳои филм солҳои 1469–1492-ро фаро гирифта, дар шаҳрҳои таърихии Хуросону Мовароуннаҳр, аз ҷумла Ҳирот ва Астаробод мегузаранд. Дар меҳвари асар дӯстии самимӣ, муносибатҳои устодию шогирдӣ ва саҳми Абдураҳмони Ҷомию Алишери Навоӣ дар таҳкими сулҳу субот, рушди илму адаб ва фарҳанг қарор доранд.
Коргардон-таҳиягарони филм аз ҷониби Тоҷикистон Файзулло Файз ва аз ҷониби Узбекистон Дилмурод Масаидов мебошанд. Нақши Абдураҳмони Ҷомиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир ва нақши Алишери Навоиро ҳунарпешаи Узбекистон Илҳом Бердиев офаридаанд. Филм бо ду забон–тоҷикӣ ва узбекӣ таҳия шудааст.
Коргардони филм Файзулло Файз иброз дошт, ки дар раванди таҳияи филми муштарак яке аз масъалаҳои муҳим ба вуҷуд овардани ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангии эҷодӣ байни намояндагони ҳар ду давлат буд. Ба иттилои ӯ, гурӯҳи эҷодӣ кӯшиш намудааст, ки тамоми саҳнаҳо пешакӣ мувофиқа гардида, дар филм, пеш аз ҳама, идеяи дӯстии халқҳои тоҷику узбек инъикос ёбад.
«Азбаски филм муштарак буд ва дар таҳияи он ду коргардон иштирок доштанд, пеш аз ҳама, кӯшиш кардем, ки байни мо ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд ояд. Ҳама саҳнаҳои филмро ба таври мушаххас муайян кардем, то дар раванди кор ба баҳсу ихтилоф дучор нашавем. Ҳадафи мо ин буд, ки дар филм, пеш аз ҳама, дӯстӣ инъикос гардад. Дар маҷмуъ, талош кардем, ки барои наслҳои оянда як филми хуби муштараки таърихӣ офарем»,-гуфт Файзулло Файз.
Коргардони тоҷик афзуд, ки филм натиҷаи шаш соли заҳмату талош буда, ҳадафи асосии гурӯҳи эҷодӣ зинда нигоҳ доштани мероси фарҳангии шахсиятҳои бузурги ҳар ду давлат мебошад.
Муаллифи филмнома Сафар Ҳақдод зимни шарҳи раванди эҷоди асар иброз дошт, ки таҳияи филми муштараки таърихӣ, ба хусус офаридани қисса дар бораи ду шахсияти бузурги таърихи адабиёти Шарқ масъулияти зиёд ва ҳамоҳангии андешаи намояндагони ҳар ду давлатро талаб мекард.
«Таҳияи ҳар гуна филми муштарак кори осон нест, зеро дар ин раванд бояд манфиат ва дидгоҳи ҳар ду ҷониб ба инобат гирифта шавад. Дар раванди навиштани филмномаи «Ҷомӣ ва Навоӣ» низ мо ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ шудем. Хусусан офаридани қисса дар бораи рӯзгор ва фаъолияти ду шахсияти бузург, ки дар таърихи ҳамон давра ҷойгоҳи калидӣ доштанд, масъулияти зиёд ва омӯзиши амиқро талаб мекард», — илова кард Сафар Ҳақдод.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, муҳим буд, ки аз оғоз то анҷоми кор байни намояндагони ҳар ду ҷониб ҳамфикрӣ ва ҳамоҳангии эҷодӣ ба вуҷуд ояд. Раванди таҳияи филмнома тақрибан чор сол идома ёфта, дар ин муддат адабиётшиносони шинохтаи ҳар ду давлат ба гурӯҳи эҷодӣ кумак расониданд. Андеша ва пешниҳодҳои ҷонибҳо пайваста мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар баъзе масъалаҳо баҳсу мунозира ва дар мавридҳои дигар мувофиқа ба миён меомад. Ниҳоят дар натиҷаи машварату ҳамкории пайваста филмномаи муштарак таҳия гардид.
Воқеан, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар тамаддуни Шарқи асри XV мақому манзалати хос дошта, аз шахсиятҳои бузурги таъриху адабиёти минтақа ба шумор мераванд. Аз ин рӯ бозтоби зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва муносибатҳои ин ду нобиға дар як филми таърихӣ масъулияти бузург ва заҳмати зиёдро тақозо мекард.
Филм дар маконҳои таърихии Тоҷикистон ва Узбекистон, павилионҳои киностудияҳои «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» ба навор гирифта шудааст. Дар таҳияи он мутахассисони ҳар ду давлат ва коршиносони хориҷӣ саҳм гузоштаанд. Барои бозсозии муҳити таърихӣ, омода намудани либосҳои саҳнавӣ ва лавозимоти зарурӣ, ороиши чеҳраи ҳунармандон, наворбардории саҳнаҳои муҳориба ва истифодаи эффектҳои махсус аз технология ва имконоти муосири филмсозӣ истифода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тасмими таҳияи ин филми муштарак соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гирифта шуда буд.
Филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» саҳифаҳои таърихи муштараки халқҳои тоҷику узбекро бозтоб намуда, бо забони синамо нақши ду нобиғаи Шарқро дар рушди адабиёту фарҳанг ва таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ инъикос менамояд.
Хотиррасон мешавем, ки дар ҷараёни нахустнамоиш як зумра нафароне, ки дар таҳияи филм саҳми назаррас гузоштаанд, бо мукофоти соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






