ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Фестивали оши палав баргузор гардид. Дар он ошпазҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи якум, шаҳри Хуҷанд ҷойи дуюм ва ноҳияи Айнӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, фестивали мазкур бо мақсади эҳё ва тарғиби анъанаҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ, ҳунари ошпазӣ ва арҷгузорӣ ба яке аз таомҳои маъруфи миллати тоҷик — оши палав ташкил карда шуд.
Дар фестивал ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳорати касбии худро ба намоиш гузошта, навъҳои гуногуни оши палавро омода ва пешкаши иштирокчиён намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати ҳакамон ба тарзи омода намудани таом, риояи анъанаҳои миллӣ ва ороиши дастархон баҳо гузошта шуд.
Дар бахши «Муаррифии беҳтарин» шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом ва Деваштич сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Барои иштироки фаъолона шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Спитамен ва Ҷаббор Расулов қадрдонӣ карда шуданд.
Ғолибони фестивал аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






