Ҷумъа, 20 ноябр 2026
Фарҳанг

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Дар чорабинӣ 30 нафар ҳунармандон аз рӯйи панҷ номинатсия маҳорати касбӣ ва истеъдодашонро муаррифӣ намуда, барои дарёфти мақоми шоиста талош варзиданд. Дар натиҷа 5 ғолиб ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт.

Иброз гардид, ки баргузории чунин озмунҳо барои кашфу муаррифии истеъдодҳои нав, рушди соҳаи фарҳанг ва эҳёи анъанаҳои миллӣ муҳим мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» бо мақсади дарёфт ва дастгирии ҳунармандони соҳибистеъдод, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва таҳкими мақоми фарҳангу ҳунар дар ҷомеа баргузор мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj