Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Иқтисод

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар  шаҳри Давҳа зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва  идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Директори генералии Invest Qatar Шайх Алӣ бин Алвалид Оли Сонӣ баррасӣ  гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо  густариши ҳамкориро дар самти сармоягузорӣ, ҷалби сармояи Қатар ба лоиҳаҳои афзалиятнок ва таҳкими робитаҳои мустақими соҳибкорони ду давлатро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон доир ба масъалаҳои ҷалб ва дастгирии сармоягузорон, муаррифии имконоти сармоягузории Тоҷикистон ва дурнамои таҳкими ҳамкории идораҳои дахлдори ҳар ду давлат табодули назар  карда шуд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj