Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Иқтисод

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Юсуфӣ бо Вазири манзил ва сохтмони шаҳру деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ни Хун ва ҳайати ҳамроҳони ӯ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои таҳкими робитаҳои дуҷониба ва татбиқи технологияҳои муосир дар сохтмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо таваҷҷуҳи асосиро ба татбиқи амалии Ёддошти тафоҳуме, ки моҳи майи соли 2026 ба имзо расида буд, равона карданд.

Дар ҷараёни гуфтушунид масъалаҳои истифодаи таҷрибаи пешқадами Чин дар банақшагирии шаҳрҳо, татбиқи технологияҳои муосир, баланд бардоштани сифати сохтмон, инчунин омодасозии мутахассисони соҳа ва густариши ҳамкории касбӣ муҳокима карда шуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳар ду ҷониб барои таҳкими робитаҳои мустақим ва татбиқи ташаббусҳои муштарак ба манфиати рушди соҳаи меъморию сохтмони ду мамлакат ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj