Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Иқтисод

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ  РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА  ВА САНОАТИ  НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он  беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис  меёбад

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи «Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040» аз 30 декабри соли 2023, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дар назар аст, ки дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шуда, коркарди пурраи пахтаи маҳаллӣ таъмин гардад.

Ҳамзамон дар Тоҷикистон ҳадаф гузошта шудааст, ки тавассути ҷалби сармоя ва эҷоди занҷираҳои пӯшидаи истеҳсолӣ содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва нахи пахта аз 300 миллион доллар ба 3 миллиард доллари амрикоӣ расонида шавад.

«Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040» бо мақсади амалигардонии имконияту иқтидори истеҳсолӣ, татбиқи технологияҳои муосир, беҳтар гардонидани сифати молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, кам кардани хароҷоти барзиёд, дурусту мақсаднок истифода намудани ашёи хоми пахта, сода ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ таҳия ва қабул гардидааст.

Стратегия саҳми коркарди пахта ва саноати нассоҷиро дар рушди умумии иқтисодиёти мамлакат инъикос намуда, ба таъмини рушди устувори соҳаҳои саноати кишвар бо роҳи гуногуннамудии истеҳсолот ва гузариш аз тавлиди ашёи хому нимтайёри он ба марҳилаҳои пурра, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва хизматрасонии босифат нигаронида шудааст.

Дар Стратегия натиҷаҳои рушди ҳар соҳаи саноати нассоҷӣ ва коркарди пахта дақиқан инъикос ва таҳлил гардида, инчунин самтҳои рушди онҳо муайян карда шудаанд. Якҷо бо Стратегия Нақшаи амали солҳои 2024-2026 низ барои татбиқи марҳилаи аввали он қабул гардидааст. Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи нассоҷиро яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат дониста, бо мақсади рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, дар доираи Панҷсолаи рушди саноат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар мамлакат бо мақсади рушди соҳаи нассоҷӣ корҳои зиёд ба анҷом расида, даҳҳо корхонаҳои бузурги нассоҷӣ, ки бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз шудаанд, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба фаъолият шуруъ намуданд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди соҳаи нассоҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ тадбирҳои муассир андешидааст. Пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ки имкони саҳм гузоштан дар рушди соҳаи нассоҷии Тоҷикистонро доранд, аз ҳамин қабил аст.

Рушди саноати пахта ва нассоҷӣ ба стратегияи чоруми миллии Тоҷикистон мутобиқ аст. Ҳадафи он индустрикунонии босуръат ва ду баробар афзоиш додани истеҳсолоти саноатӣ давоми панҷ сол мебошад.

Барои ноил шудан ба ин ҳадаф занҷираҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди пурраи нахи пахта-гузариш аз содироти ашёи хом ба истеҳсоли ришта, матоъ ва дӯхти либосҳои тайёр дар дохили кишвар, ҷалби сармояи мустақим- сохтмони корхонаҳои муосири нассоҷӣ бо технологияҳои наву каммасраф, интиқоли занҷираи пӯшида- таъсиси кластерҳои нассоҷӣ, ки тамоми марҳилаҳо — аз парвариши пахтаю коркарди он то бофандагӣ ва тарроҳиро дар бар мегиранд, интиқоли маҳсулот ба бозорҳои ҷаҳонӣ -баланд бардоштани сифати маҳсулот ва рақобатпазирии он барои ворид шудан ба бозорҳои байналмилалӣ зарур мебошанд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 30 фоизи пахта коркард шуда, дар оянда коркарди он то ба 100 фоиз расонида мешавад. Маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 15 кишвар содир шуда, имкони зиёдтар шудани он хеле назаррас аст. Ин иқдом ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ, таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ шароит муҳайё месозад. Рушди соҳаи пахтакорӣ ва нассоҷӣ вазифаҳои стратегияи чоруми миллиро, ки ба суръат бахшидан ба саноатикунонӣ ва ду баробар афзудани истеҳсоли саноатӣ дар ҷумҳурӣ давоми панҷ сол нигаронида шудааст, инъикос мекунад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва татбиқи «Стратегияи миллии истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040» форуму ҳамоишҳои байналмилалии нассоҷӣ ва намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷиро шуруъ аз соли 2025 баргузор менамояд. Ҳадафи он татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи нассоҷии мамлакат, инчунин муаррифии Тоҷикистон ҳамчун маркази ояндадори истеҳсоли нассоҷӣ ва инноватсия мебошад.

Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ платформаи муҳими байналмилалӣ барои баррасии дурнамои саноати нассоҷӣ, таҳкими занҷираҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳа, амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва рушди шаклҳои устувори ҳамкорӣ гардидааст. Инчунин дар ин форумҳо ба масъалаҳои ҳамгироии саноатӣ, ташкили кластерҳои нассоҷӣ ва тавсеаи шарикии байналмилалӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Форумҳои байналмилалии нассоҷӣ ва намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ ба майдони тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, баррасии мушкилот ва дурнамои рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ табдил ёфта, қадами устувор дар самти ҷалби сармоя барои рушди соҳаи нассоҷии мамлакат, хусусан татбиқи «Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040» мебошанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj