Ҷумъа, 13 ноябр 2026
Иқтисод

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри миллии Тоҷикистон бо ибтикори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми дуюми зиддикоррупсионии Душанбе таҳти унвони «20 соли фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» доир шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори форум намояндагони Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти зиддикоррупсонии 15 давлати ҷаҳон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.

Иштирокчиён масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, нақши мақомоти ваколатдор дар татбиқи он ва аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро баррасӣ намуданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати зиддикоррупсионии давлат қарор дорад. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои судманд низ амалӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти муқовимат ба коррупсия беш аз 20 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардид. Инчунин рӯнамоии сиёсати зиддикоррупсионӣ дар доираи се ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ ба роҳ монда шуд, ки ҷараёни амалишавии ин санадҳо идома дорад.

«Воқеан коррупсия хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳдиди бевосита ба амнияти глобалӣ эътироф гардида, барои рушд ва низоми идоракунии тамоми давлатҳо монеа эҷод менамояд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, «коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар сокини мамлакат мебошад»,–афзуд Ҳоким Холиқзода.

Таъкид шуд, ки таҷрибаи солҳои сипаригардида нишон медиҳад, ки самаранокии муқовимат ба коррупсия аз фаъолияти якҷояи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагии амиқ дорад. Фазои таҳаммулнопазирӣ ба коррупсия ва фарҳанги зиддикоррупсионии аҳолӣ низ маҳз дар доираи чунин ҳамкорӣ фароҳам оварда мешавад.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода изҳор дошт, ки фаъолияти ду даҳсолаи агентӣ нишон медиҳад, ки натиҷаҳои устувор танҳо дар ҳолати муттаҳид намудани имконияти назорати давлатӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ба даст оварда мешавад.

Дар ин замина ҳамкории байналмилалӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти агентӣ ба ҳисоб меравад. Агентӣ давоми фаъолият робитаҳои судмандро бо созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда, дар доираи он 29 санади ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ин ҳамкорӣ барои мубодилаи таҷрибаи пешқадам, тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолият ва такмили механизми муқовимат бо коррупсия имконият фароҳам овард.

«Ҳамкории байналмилалӣ бояд на танҳо ба табодули иттилоот ва таҷриба, балки ба таҳияи роҳҳои муштараки ҳалли мушкилоти амалии муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани касби кормандон ва густариши ҳамкории байниидоравӣ равона карда шавад»,–таъкид дошт Сулаймон Султонзода.

Гуфта шуд, ки дар шароити муосир рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсия имконияти навро барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва пешгирии коррупсия фароҳам оварда, ҳамзамон шаклҳо ва хавфҳои нави коррупсиониро ба вуҷуд меорад. Бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуданд. Дар доираи он дар назди мақомоти давлатӣ оид ба истифодаи васеи технологияҳои муосир ва такмили механизмҳои идоракунӣ вазифаҳои нав гузошта шудаанд. Дар ин замина агентӣ низ дар татбиқи ин ҳадафҳо аз истифодаи имконияти рақамикунонӣ дар пешгирӣ ва ошкорсозии коррупсия тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт, ки рақамикунонии соҳаҳо, тақвияти ҳукумати электронӣ ва татбиқи низоми ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ аз воситаҳои муҳими коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ ба ҳисоб мераванд. Рақамикунонии равандҳои хизматрасонӣ метавонад робитаи мустақими шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатиро коҳиш дода, шаффофият ва ҳисобботдиҳиро тақвият бахшад.

Ҳамзамон истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, арзёбии рейтингии самаранокии мақомоти давлатӣ ва амалӣ намудани платформаи рақамӣ дар соҳаҳои осебпазир аз сатҳҳои афзалиятноки фаъолияти агентӣ мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи ин тадбирҳо дар доираи 17 банди нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» пешбинӣ гардида вазифаҳои муҳими агентиро дар ин марҳила муайян менамояд. Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси эҳтироми мутақобил, эътимод ва манфиатҳои муштарак густариш диҳад.

Ёдовар мешавем, ки форум бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионии аҳолӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои мамлакат дар арсаи байналмилалӣ гузаронида шуд. Дар он масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар доираи се ҷаласаи соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj