ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, дар мамлакат нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2025 ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ 7,1 фоиз зиёд шудааст. Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2026 дар мамлакат 500 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки оқибат бо бардоштани ҷароҳати вазнин ва марги ҷабрдидагон анҷомидаанд, ба қайд гирифта шудааст.
Тавре қаблан иттилоъ додем, бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани сабабу оқибатҳо ва андешидани тадбирҳои дахлдор барои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд. Баъди рух додани ҳар садамаи нақлиётӣ бо ҷалби коршиносон тафтиш гузаронида мешавад. Дар доираи он сабабҳои техникии вайроншавии системаи тормоз, риояи қоидаҳои муоинаи техникӣ ва иҷозати истифодаи нақлиёт бо норасоиҳои ошкоршуда муайян гардида, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Набастани тасмаи бехатарӣ ва напӯшидану набастани тасмаи тоскулоҳҳои мототсиклронӣ боиси он гардид, ки дар садамаҳои нақлиётӣ ронандагон ва мусофирон осеби вазнини ҷисмонӣ мегиранд. Итоат накардан ба чароғаки сурхи роҳнамо ё беэътиноӣ ба кори танзимгарон, бо суръати аз ҳад баланд идора кардани воситаҳои нақлиёт ва роҳ надодан ба воситаҳои нақлиёти дорои ҳуқуқи бартарии гузашт низ зиёд шудааст, ки маъмулан боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ мегардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2025 шумораи ҳуқуқвайронкуниҳо нисбат ба соли пешин афзудааст. Соли 2025 дар мамлакат дар маҷмуъ беш аз 899 000 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2024 беш аз 27 000 ҳолат зиёд мебошад.
Ба андешаи коршиносон, таҳлили сохтори ҳуқуқвайронкуниҳое, ки боиси марги одамон ё дигар оқибатҳои вазнин гардидаанд, нишон медиҳад, ки аксари онҳо аз ҳисоби риоя накардани суръати муқарраршудаи ҳаракат дар роҳ ва баромадан ба самти муқобил ба амал меоянд.
АКС аз бойгонӣ
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






