Ҷумъа, 13 ноябр 2026
Иқтисод

Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе сеюмин конфронси солонаи иштирокдорони Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар конференсия намояндагони мақомоти давлатии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ, Академияи байналмилалӣ бар зидди коррупсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд.

Ҳадафи асосии конфронс баррасии пешрафти давлатҳои минтақа дар иҷрои тавсияҳои даври якуми татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, муайян намудани мушкилоти умумӣ ва таҳияи роҳҳои муштараки ҳалли онҳо мебошад.

Дар доираи конференсия масъалаҳои пешрафти татбиқи тавсияҳои даври якуми шарҳи Конвенсия, истифодаи абзорҳои ченкунии сатҳи коррупсия барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати зиддикоррупсионӣ ва арзёбии натиҷаҳои он баррасӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба саҳми ташкилоти ҷамъиятӣ дар татбиқи тавсияҳои Конвенсия ва масъалаҳои марбут ба пешгирии коррупсия дар давлатҳои минтақа андешаронӣ мекунанд.
Яке аз мавзуъҳои муҳими конфронс муайян намудани интизориҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Платформаи минтақавӣ дар соли 2027 мебошад.

Конфронс барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ, табодули таҷриба ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои муштарак дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия замина фароҳам меорад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj