ШАҲРИНАВ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорони ноҳияи Шаҳринав дар минтақаи Ҳисор аввалин шуда, нақшаи ҷамъоварии пахтаро 187,4 фоиз иҷро намуданд. Тибқи маълумоти фаврии то 10 ноябр, пахтакорони ноҳия 749,6 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Корҳои саҳроӣ дар ноҳия то чидани пахтаи охирин идома меёбанд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ медиҳад.
Соли 2026 кишоварзони ноҳияи Шаҳринав дар 345 гектар чигит кишт намуданд. Нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта соли равон 400 тоннаро ташкил медод. Пахтакорони ноҳия имсол бо истифода аз имконоти мавҷуда 749,6 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки дар умум ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 21,7-сентнериро ташкил медиҳад.
Аъзои Кооперативи тиҷоратии истеҳсолии «Наврӯз»-и ноҳияи Шаҳринав имсол дар 100 гектар дар зери плёнка чигит кишт намуданд. Онҳо дар натиҷаи риояи қоидаҳои агротехникӣ ва сари вақт бо ғизою оби полезӣ таъмин намудани зироат тавассути мошини пахтачинӣ 500 тонна пахтаи босифат ҷамъоварӣ намуданд. Хоҷагии мазкур дорои комбайни ҷамъоварии пахта мебошад, ки ба воситаи он ҳосили пахта сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






