ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Лоиҳаи пилотии низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» амалӣ шуда истодааст. Сокинон метавонанд тавассути Telegram-бот, Telegram ва WhatsApp бо рақами +992 811103322, инчунин маркази тамос бо рақами кӯтоҳи 3322 оид ба ҳисоббаробаркунӣ, пардохт, шартномаи электронӣ ва истифодаи низоми нав маълумот гирифта, мушкилоти дар ин самт ба вуҷудомадаро ҳал намоянд. «Пардохти ягонаи коммуналӣ» чӣ гуна низом аст ва он чӣ бартарӣ дорад? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Бояд хотиррасон кард, ки дар низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» тартиби ҳисобкунии маблағҳо ва рӯйхати хизматрасониҳо бетағйир мемонанд. Танҳо тарзи пардохт иваз мешавад. Ба ивази якчанд ҳисобҳои шахсӣ ва усулҳои гуногуни пардохт, минбаъд барои муштарӣ ҳисоби ягонаи электронӣ ташкил карда мешавад. Дар ҳисоби ягонаи электронӣ маблағҳои ҳисобшуда барои хизматрасониҳои асосии коммуналӣ — неруи барқ, таъминоти об ва корезӣ, шабакаҳои гармидиҳӣ, баровардани партовҳои сахти маишӣ ва хизматрасонии фонди манзил муттаҳид гардидаанд.
Дар он маълумоти зарурӣ, аз ҷумла маълумоти муштарӣ, суроға, намудҳои хизматрасонӣ, маблағи ҳисобшуда, қарздорӣ ва пардохтҳо нишон дода мешавад. Яке аз ҳадафҳои муҳими Лоиҳа баланд бардоштани шаффофияти ҳисоббаробаркунӣ мебошад. Аммо шаффофияти низоми электронӣ, пеш аз ҳама, аз дурустии маълумоти воридшуда вобаста аст.
Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ имрӯз ба яке аз самтҳои муҳими рушди низоми идоракунӣ табдил ёфтааст. Дар ин раванд, хизматрасониҳои коммуналӣ низ истисно нестанд, зеро барои ҳар як сокини шаҳр муҳим аст, ки маълумоти марбут ба неруи барқ, обу корезӣ, гармидиҳӣ, партовкашонӣ ва дигар хизматрасониҳои коммуналиро дар як ҷо бинад, маблағи ҳисобшударо донад ва онро бидуни сарфи вақти зиёд пардохт карда тавонад.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҶДММ «Нет Солюшенз» таҳия ва татбиқ гардида, ҳадафи асосии он муттаҳид намудани маълумоти ҳисоббаробаркунии хизматрасониҳои коммуналӣ дар суратҳисоби ягонаи электронӣ мебошад.
Низоми нав партохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад
То имрӯз сокинон барои ҳар як хизматрасонӣ расиди электронии алоҳидаи коғазӣ мегирифтанд ва маблағҳоро аз рӯи ҳар як ҳисоби шахсӣ ҷудогона пардохт мекарданд. Дар баъзе ҳолатҳо барои ҷамъоварии маблағ нозир ба манзилҳо ташриф меовард. Ин ҳолат барои сокинон нороҳатӣ эҷод мекард. Акнун тамоми хизматрасониҳоро метавон бо як пардохт тариқи онлайн тавассути ҳамёнҳои электронии мобилӣ, бе ташриф ба хазинаҳо ва нуқтаҳои қабули пардохт, пардохт намуд.
Низоми нав боз чӣ афзалиятҳо дорад?
«Пардохти ягонаи коммуналӣ» имкон медиҳад:
- тамоми хизматрасониҳои коммуналӣ бо як пардохт анҷом дода шаванд;
- пардохт дар ҳар вақти муносиб ба таври онлайн анҷом дода шавад;
- тасдиқи пардохти муваффақ фавран дастрас гардад;
- зарурати нигоҳдории расиди электронии коғазӣ аз байн равад;
- ҳисобкуниҳо ва таърихи пардохтҳо дар як ҷой ба осонӣ назорат карда шаванд;
- муҳимтар аз ҳама, дигар нозирон барои ҷамъоварии маблағ ба шумо муроҷиат намекунанд.
Ҳамин тариқ, низоми нав раванди пардохтро барои сокинон осонтар,
равшантар ва шаффофтар мегардонад.
Пардохт чӣ гуна анҷом дода мешавад?
Пас аз ҳисобкунии ҳар моҳаи маблағҳо, ба сокин SMS хабар ирсол мегардад, ки дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:
- рақами ҳисоби ягонаи шахсӣ;
- маблағи пардохт;
- пайванд барои гузаштан ба саҳифаи пардохт.
Пардохти хизматрасониҳои коммуналиро метавон ҳамагӣ бо чанд зеркунии тугма тариқи пардохти онлайн анҷом дод.
Муҳим аст, ки пас аз оғози татбиқи лоиҳа, пардохт танҳо аз рӯи ҳисоби ягонаи шахсӣ анҷом дода шавад. Ҳисобҳои шахсии қаблӣ эътибори худро аз даст медиҳанд ва пардохт тавассути онҳо қабул карда намешавад
Эзоҳ: Қарзҳое, ки то оғози фаъолияти низоми «Пардохти ягонаи хизматрасониҳои коммуналӣ» дар назди таъминкунандагони хизматрасониҳои коммуналӣ ба вуҷуд омадаанд, ба ҳисобкунии ҷории ҳисоби ягонаи шахсӣ дохил карда намешаванд.
Агар маблағ пурра пардохт нашавад, чӣ мешавад?
Агар сокин маблағеро пардохт кунад, ки аз маблағи ҳисобшуда камтар бошад, маблағи пардохтшуда ба таври худкор тақсим карда мешавад.
Пеш аз ҳама, маблағи қарзи неруи барқ пурра пардохт карда мешавад. Боқимондаи маблағ мутаносибан байни дигар хизматрасониҳои коммуналӣ тақсим мегардад.
Агар маблағи пардохтшуда ҳатто барои пардохти пурраи неруи барқ кофӣ набошад, тартиби амалкунандаи таъминкунанда, аз ҷумла имкони маҳдуд намудани таъминоти неруи барқ тибқи тартиби муқарраргардида, татбиқ мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






