ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 9 ноябр дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) оғоз гардида, то 20 ноябр идома меёбад.
Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи конфронс мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири экологияи Ҷумҳурии Озарбойҷон Рашад Исмоилов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ба таҳияи «Барномаи муштараки ҳамкории экологӣ барои солҳои 2027-2028», ки мубодилаи таҷрибаи коршиносон, фаъолияти муштарак ва татбиқи ташаббусҳои мушаххаси экологиро пешбинӣ мекунад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо имконияти ҳамкорӣ дар идоракунии устувори ҷангалҳо, мониторинги гуногунии биологӣ ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла тавассути таҳияи лоиҳаҳои муштарак бо Фонди ҷаҳонии экологӣ ва дигар ташкилоти молиявии байналмилалӣ ва шарикро баррасӣ намуданд.
Баҳодур Шерализода иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 2 миллиард бех дарахт шинонида мешавад.
Ҳамзамон ба рақамӣ кардани идоракунии муҳити зист, аз ҷумла мубодилаи таҷриба дар татбиқи системаи экологияи рақамӣ, мониторинги рақамии муҳити зист, иҷозатномадиҳии муҳити зист, пойгоҳҳои обуҳавошиносӣ ва гуногунии биологӣ диққати махсус дода шуд.
Зимни вохӯрӣ манфиатдории мутақобили Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар густариши шарикии экологӣ ва пешбурди муштараки ташаббусҳое, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи мероси табиӣ нигаронида шудаанд, тасдиқ карда шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






