Сешанбе, 17 ноябр 2026
Иқтисод

Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад

Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 декабр дар шаҳри Душанбе конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ — «Digital AgriExpo Tajikistan-2026» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Конференсия ва намоишгоҳ дар доираи татбиқи «Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029» доир карда мешаванд. Дар назар аст, ки дар он намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, кишоварзон, ширкатҳои таъминкунандаи технологияҳои муосир, ташкилоти молиявӣ, муассисаҳои илмӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намоянд.

Дар конференсия ва намоишгоҳ платформаҳои онлайнӣ барои кишоварзон ва низомҳои идоракунии электронии замину обёрӣ муаррифӣ мегарданд. Инчунин дар онҳо масъалаҳои амалӣ намудани зеҳни сунъӣ, пешгӯии обу ҳаво дар ин соҳа ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Ҳамчунин вохӯриҳои дуҷониба байни кишоварзон, ширкатҳои технологӣ ва ниҳодҳои молиявӣ барои ташкили ҳамкории судманд ва ҷалби сармоя доир мегарданд.

Ҳадафи баргузории конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ — «Digital AgriExpo Tajikistan-2026» мусоидат ба рақамикунонии комплекси агросаноатӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва мутобиқсозии соҳа ба тағйирёбии иқлим мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj