ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИ «Ховар»/. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ дар ҳудуди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ сокини шаҳри Душанбе Рафоат Юлдашева бо гумони интиқоли ғайриқонунии маснуоти тиллоӣ аз хориҷи мамлакат боздошт карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни санҷиш аз номбурда маснуоти тиллоӣ- гарданбанд, дастбанд, гӯшвора ва дигар маснуоти тиллоӣ бо вазни умумии беш аз 3500 грамм дарёфт ва мусодира гардид.
Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Рафоат Юлдашева маснуотро аз шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия бо роҳнамоии шахсон бо номи Сайёра ва Алӣ тавассути хатсайри Истанбул–Боку–Душанбе ба таври пинҳонӣ ва бо роҳи пинҳон намудан дар бадани худ ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Тибқи маълумотномаи ташхисии Хадамоти назорати давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли равон, маснуоти пешниҳодгардида аз металли тиллои зард буда, дорои иёри 585 мебошад. Шумораи умумии он 1037 адад ва вазни умумӣ 3555,48 граммро ташкил дода, арзиши он 2 миллиону 647 ҳазору 720 сомонию 19 дирам муайян карда шудааст.
Ҳамзамон муайян гардид, ки шаҳрванд Рафоат Юлдашева барои анҷом додани фаъолият вобаста ба муомилот ва фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо иҷозатномаи махсуси мақомоти дахлдорро надорад.
Доир ба ин ҳолат нисбат ба шаҳрванд Рафоат Юлдашева ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






