Панҷшанбе, 19 ноябр 2026
Иқтисод

Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Анқараи Туркия дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Пешрафти ҳаракати инсонӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим», ки дар доираи Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) баргузор гардид, иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ  «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни чорабинӣ мавқеи Тоҷикистон дар робита ба тағйирёбии иқлим, муҳоҷирати инсонӣ ва рушди устувор муаррифӣ гардида, зарурати тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт таъкид карда шуд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода гуфт, ки Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, беҳтар кардани мониторинги иқлим ва гидрометеорологӣ, таҳияи системаҳои огоҳкунии барвақт ва баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои осебпазир тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Иштирокчиён масъалаи мушкилоти иқлимӣ, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ бо онҳо рӯбарӯ ҳастанд, аз ҷумла баланд шудани ҳарорат, обшавии босуръати пиряхҳо, камобӣ, таназзулёбии замин ва афзоиши ҳодисаҳои фавқулодаи табииро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки барои Тоҷикистон, ки тақрибан 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳад, ин масъалаҳо муҳим мебошанд. Зеро талафи босуръати пиряхҳо ба дастрасии дарозмуддати об, истеҳсоли кишоварзӣ, амнияти энергетикӣ ва некӯаҳволии миллионҳо нафар дар саросари минтақа таҳдид мекунад.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабули Эъломияи Роҳи Абрешим дар бораи ҳаракати аҳолӣ дар шароити тағйирёбии иқлим истиқбол карда, онро ҳамчун қадами муҳим ба сӯи таҳияи равиши минтақавии ҳамоҳангшуда барои ҳалли ин масъала арзёбӣ кард.

Гуфта шуд, ки Эъломия бояд на танҳо ифодаи уҳдадории сиёсӣ, балки асоси ҳамкории амалӣ, ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас ва ҳамкории минбаъдаи байналмилалӣ бошад. Дар ин робита пешниҳод гардид, ки муқаррароти он дар якҷоягӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират ва дигар шарикони рушд ба нақшаҳои мушаххаси амалҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил дода шаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 20 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) баргузор мегардад.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj