Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Иқтисод

Рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои такмили он

Рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои такмили он

“Рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои такмили он” таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир шуд. 

Имрӯз рақамикунонӣ ба яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисод табдил ёфтааст. Дар Тоҷикистон низ хизматрасониҳои мобилӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ босуръат рушд карда, барои сокинон шароити осон ва муосири хизматрасонии молиявиро фароҳам меоранд.

Гуфта шуд, ки рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ ин ҷараёнест, ки дар он бонкҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотию рақамӣ хизматрасониҳои худро ба шакли электронӣ ва онлайнӣ табдил ва пешниҳод менамоянд. ‌‎Ин шакли хизматрасонӣ қадами муҳим дар роҳи рушди иқтисодиёти рақамӣ ва муосиргардонии низоми молиявии кишвар аст. 

Қиёмиддин Ҳомидов

"ТВ Душанбе”