ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Маркази Саммити панҷуми ҷаҳонии полис оғоз гардид. Дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, дар доираи баргузории саммит Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Сайф ибни Зоид Оли Наҳаён вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ду давлатро дар самтҳои таъмини амният, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон байни вазорати корҳои дохилии ҳар ду давлат «Ёддошти тафоҳум дар бораи эътирофи мутақобил ва табодули шаҳодатномаҳои ронандагӣ» ба имзо расид.
Гуфта шуд, ки имзои ин санад барои таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории байниидоравӣ ва содагардонии расмиёти эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагии шаҳрвандони ҳар ду ҷониб заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки саммит аз 16 то 18 ноябр идома меёбад. Дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи амният аз 110 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Ҳамзамон беш аз 170 ширкати пешрафтаи ҷаҳонӣ дастовардҳо ва навгониҳояшонро дар самти амният ва мудофиа ба намоиш мегузоранд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






