ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Айбек Дадебай мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Бо қаноатмандӣ иброз гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон дар самтҳои гуногун бар пояи дӯстӣ, эътимоди мутақобила ва ҳамкории судманд таҳким меёбанд.
Зимни мулоқот ба нақши калидии сарони ду давлат дар таҳкими муносибатҳои ҳампаймонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо ҳавсмандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ, аз ҷумла таҳкими робитаҳои амалии Маҷлиси миллӣ бо Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз самтҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба маҳсуб меёбад, иброз намуданд. Дар баробари ин, ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, бахшҳои нақлиёту логистика, энергетика, сармоягузорӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба арзёбӣ шуданд.
Таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, густариши табодули илмию таълимӣ ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj



