ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо шаҳрдори Риёз шоҳзода Файсал ибни Абдулазиз ибни Айёф мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






