Ҷумъа, 13 ноябр 2026
Сиёсат

Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд

Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таърих ва давлатдории миллии Узбекистон дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Ҳокими шаҳри Тошканд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо  сафари расмӣ дар  Ҷумҳурии Узбекистон қарор доранд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj