Ҷумъа, 13 ноябр 2026
Сиёсат

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр пас аз мулоқот Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj