ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ аз устони Ал-Ҷаҳро боздид ва бо устондори он Ҳамад Ҷосим Ал-Ҳабашӣ дидор кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот дар бораи роҳҳои густариши муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Кувайт табодули назар доир шуд. Дар ин росто, ба фурсатҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ, инчунин барқарории робитаҳои мустақим байни вилоятҳои ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Бояд гуфт, ки Ал-Ҷаҳро калонтарин устони Давлати Кувайт ба шумор меравад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






