Ҷумъа, 13 ноябр 2026
Сиёсат

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр  кардааст

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи «The Times Kuwait», ки муҳимтарин нашрияи англисизабони Кувайт мебошад, дар шумораи худ аз 15 ноябри 2026 матлаберо зери унвони  «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» (“Tajikistan: Mountain Lakes, Ancient Stories and a Warm Welcome) мунташир кардааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, матлаби мазкур ба муаррифии ҷозибаҳои табиӣ, мероси таърихию фарҳангӣ, зарфияти гардишгарӣ ва суннатҳои меҳмоннавозии Тоҷикистон ихтисос дорад. Дар он ҳамчунин маълумоти корбурдӣ дар хусуси замони муносиби сафар, масирҳои пешниҳодии гардишгарӣ, интихоби парвоз ва шароити вуруд ба кишвар дарҷ шудааст.

Интишори ин матлаб дар расонаи ёдшуда бо фароҳам кардани заминаи муаррифии ҳадафманди зарфияти гардишгарӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба мухотабони кувайтӣ дар ростои афзоиши огаҳӣ дар бораи ҷозибаҳои кишвар, тақвияти симои мусбати он ва ташвиқи алоқамандон ба боздид аз Тоҷикистон амалӣ гардидааст.

Шакли электронии матлабро метавон бо вуруд ба пайванди зерин мутолиа кард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj