ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо устондори Муборак Ал-Кабир ва иҷрокунандаи вазифаи устондори Ҳаваллӣ Шайх Сабоҳ Бадр Ас-Сабоҳ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот мусоҳибон зимни арзёбии сатҳу муҳтавои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт дар бораи дурнамои густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои гуногун ва барқарории робитаҳои мустақим байни минтақаҳои ду мамлакат табодули назар карданд.
Таъкид шуд, ки барои афзоиши табодули тиҷоратӣ ва танзими сафарҳои гардишгарони кувайтӣ ба Тоҷикистон фурсатҳои фаровон мавҷуд аст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






