ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар доираи Конфронси ҷаҳонии сармоягузорӣ (WIC) дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, Шараф Шерализода тадбирҳои стратегии Тоҷикистонро дар самти рушди иқтисодиёти даврӣ ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати рушди «сабз» ва саноатикунонии кишвар муаррифӣ намуд. Сафир аҳамияти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037» ва «Стратегияи миллии рушди истеҳсоли пахта, коркарди он ва саноати нассоҷӣ барои солҳои 2024–2040»-ро дар пешбурди ин раванд махсус таъкид кард.
Дар идома сафир ҳадафҳои Тоҷикистонро барои коркарди 100 фоизи пахтаи ватанӣ, рушди занҷираҳои арзиши устувор дар соҳаи нассоҷӣ, ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ ва таъсиси ҷойи нави кор таъкид намуд.
Ҳамзамон аҳамияти низоми пайгирии маҳсулот, стандартҳои байналмилалӣ ва технологияҳои «сабз» дар баланд бардоштани рақобатпазирии саноати миллӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва пешбурди иқтисодиёти даврӣ дар мамлакат муҳим арзёбӣ карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj



