ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо мудири кулли Созмони ташвиқи сармоягузории мустақими Кувайт Шайх Мишъал Ҷобир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ байни ду мамлакат ва таҳияву иҷрои лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар заминаҳои гуногун мавриди табодули назар қарор гирифтанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






