ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамзабон дар Қасри миллатҳои Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино ва саҳми ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии нави илмӣ» конфронси байналмилалии илмӣ баргузор намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори конфронс намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, донишмандон ва муҳаққиқон иштирок намуда, саҳми арзишманди Абуалӣ ибни Синоро дар рушди илму фалсафаи ҷаҳонӣ, аҳаммияти мероси илмӣ ва маънавии ӯ, инчунин нақши андешаҳои инсонмеҳваронаи ин мутафаккири бузургро дар таҳкими муколамаи тамаддунҳои Шарқу Ғарб мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон зимни ҳамоиш ба масъалаҳои ҳифз, омӯзиш, рақамикунонӣ ва муаррифии мероси илмии Абуалӣ ибни Сино, густариши ҳамкории байналмилалии илмӣ ва таҳкими арзишҳои умумибашарии илму маърифат, хирадгароӣ ва ҳамдигарфаҳмии фарҳангӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






